• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УСТОД РӮДАКӢ
Дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д.А., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов М., мудири бахши кор бо занону духтарон Туманова Б., сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонзода А., мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷабборов М. ва коменданти хобгоҳ Шарипов М. иштирок намуданд. Дар ҳамоиши мазкур андар шинохт ва мақому манзалати устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ҳозирин маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардида, истиқоматкунандагони хобгоҳ, ки донишҷӯёни ин даргоҳи бонуфузи болозикр маҳсуб меёбанд, ҷаҳони маънӣ роҷеъ ба бузургии таълифоти устод бардоштанд. Ҳамзамон дар ҳамоиш аз шоҳкориҳои безаволи устод шеърҳо қироат карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён ба як қатор донишҷӯёни фаъоли хобгоҳ китобҳо тақдим карда шуд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj