• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», нашрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» интишор гардида, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти № 230 ЖР-97 аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» соли 1978 таъсис ёфта, ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта, як муддат чопи он мавқуф гузошта шуда, шурӯъ аз соли 1996 нашри мунтазами он аз нав ба роҳ монда шуд, ки дар он мақолаҳои беҳтарини илмӣ ва илмию методии олимони донишгоҳ, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони кишварамон ва хориҷ аз он нашр мегарданд.

Аз соли 2010, маҷалла дар феҳристи маҷаллаву нашрияҳои илмии тақризнависие, ки Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия таҳти № 531 ва дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2019, №36 барои интишори натиҷаҳои илмии рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ тавсия медиҳад, дохил гардида гардидааст.

Мутаассифона дар соли 2016 аз сабаби он ки аз феҳристи маҷаллаву нашрияҳои илмии тақризнависие, ки Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия хориҷ гардида буд, дар соли зикршуда ба нашр нарасидааст.

Дар маҷалла натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии профессорону омӯзгорони донишгоҳ ва олимони ватаниву хориҷӣ ба чоп мерасад. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» маҷаллаи илмии эътирофгашта дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва берун аз он аст.

Маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» дорои чаҳор бахш:

1. «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», ISSN 2219-5408

2. «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ (Серияи 2. Педагогика ва психология, методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ»), ISSN 2708-5759

3. «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ), ISSN 2707-9996

4. «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ (Серияи илмҳои фалсафӣ), ISSN 2710-4672 мебошад.

Нашри маҷалла то соли 2015 дар бахшҳои улуми инсонӣ, ҷамъиятшиносӣ ва табиӣ ба роҳ монда шуда буд, ки дар он мақолаҳои мухталифи мазмун ва муҳтавои сиёсӣ, фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, педагогӣ, филологӣ, равоншиносӣ, ҷуғрофӣ, биологӣ, технологӣ ва ғ. дошта нашр карда мешуданд. Шурӯъ аз соли 2016 дар доираи талабот ва гузошташуда дар назди нашрияҳои илмии тақризнависии мавриди эътирофи Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ва Комиссияи олии аттестатсионии ҶТ буда, чопи мақолаҳоро дар доираи 4 гурӯҳи ихтисосҳо ба роҳ монда шудааст:

01.01.00 – Математика

01.04.00 – Физика

02.00.00 – илмҳои химия

03.00.00 – Биология

07.00.00 – илмҳои таърих ва археология.

08.00.00 – илмҳои иқтисодӣ

09.00.00 – илмҳои фалсафа

13.00.00 - илмҳои педагогӣ,

10.02.00 - забоншиносӣ,

10.01.00 – адабиётшиносӣ

19.00.00 – илмҳои равоншиносӣ

22.00.00 – илмҳои ҷомеашиносӣ

25.00.00 – илм дар бораи замин

Минбаъд идораи маҷалла мақолаҳоро дар самтҳои мазкур барои нашр қабул мекунад. Мақолаҳои аспирантон, унвонҷӯён, ки ба идораи маҷалла ворид мешаванд, дар якҷоягӣ бо тақризҳои роҳбарони илмӣ ё олимон, профессорони риштаи дахлдор қабул карда мешаванд. Қаблан ҳамаи мақолаҳо барои азназаргузаронии ҳайати таҳририя, ки аз мутахассисони соҳаҳои гуногун иборат мебошанд, қабул карда мешаванд. Мақолаҳои қабулшуда бояд тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи маҷалла омода карда шаванд. Талабот ба омода кардани мақолаҳо дар торнамои маҷалла ва саҳифаи охирони ҳар шумораи он ҷой дода мешавад.

Тайи чанд соли ахир маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» ҳар сол ба миқдори 6 шумора бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва нашр карда мешавад. Аз ибтидои соли 2016 торномаи (сайти) мустақили маҷалла дар шабакаи ҷаҳонии ИНТЕРНЕТ бо нишонии http://vestnik.tgpu.tj таъсис ёфтааст, ки бойгонии аз соли 2014 то соли 2022-ро дар бар мегирад.

Маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» дорои шумораи стандарти байналмилалии нашрияҳои давраӣ (International standard serial number) ISSN 2219-5408 буда, инчунин дар пойгоҳи додаҳои «Шохиси иқтибосоварии илмии Русия» (РИНЦ) тибқи шатртнома аз 16 апрели 2020 таҳти № 134-04/2020 ба қайд гирифта шуда, дар тӯли фаъоли худ ба 0,007 (импакт-фактор) расид. Инчунин дар ҳамкорӣ бо китобхонаи эелектронии «КиберЛенинка» аз 27 январи соли 2021 таҳти № 4799-01, шартнома баста шудааст, ки мувофиқи шатномаи мазкур то имрӯз 2880 мақола, 44 шумора, аз бахши илмҳои филологӣ, 107 мақола, ду шумора, аз бахши илмҳои табиӣ-риёзӣ, 302 мақола, панҷ шумора, аз бахши илмҳои педагогӣ ва писхологӣ дар китобхонаи электронии мазкур ворид карда шудаанд. Индекси обунаи маҷалла дар феҳристи «Почтаи тоҷик» 77697 мебошад.

Бояд зикр намоям, ки ҳайати таҳририяи маҷалла аз 38 нафар иборат буда, аз онҳо 28 нафар доктори илм ва 10 нафарашон номзадони илм мебошанд.

Муаллифон метавонанд гунаи электронии маҷалларо дар пайвандҳои зерин дастрас намоянд.

1. «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», ISSN 2219-5408 (http://vestnik.tgpu.tj/ )

Саҳифа дар РИНЦ (https://www.elibrary.ru/title_about_new.asp?id=31830)

Саҳифа дар КиберЛенинка https://cyberleninka.ru/.../vestnik-pedagogicheskogo...

2. «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ (Серияи 2. Педагогика ва психология, методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ»), ISSN 2708-5759 (http://pedagog.tgpu.tj/ )

Саҳифа дар РИНЦ (https://www.elibrary.ru/title_about_new.asp?id=75968 )

3. «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ), ISSN 2707-9996 (http://esn.tgpu.tj/)

Саҳифа дар РИНЦ (https://www.elibrary.ru/title_about_new.asp?id=75957 )

Саҳифа дар КиберЛенинка https://cyberleninka.ru/.../vestnik-pedagogicheskogo...

4. «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ (Серияи илмҳои фалсафӣ), ISSN 2710-4672 (www.filosofiya.tgpu.tj/ru/)

Саҳифа дар РИНЦ (https://www.elibrary.ru/title_about_new.asp?id=76553 )

Саҳифа дар КиберЛенинка https://cyberleninka.ru/.../vestnik-pedagogicheskogo...

Адбумавлон Одиназода, котиби масъули “Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ”

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj