• Tajik
  • Russian
  • English
Эълон
There are no translations available.

ЭЪЛОН

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” барои ишғоли вазифаҳои холии доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент аз рӯи ихтисосҳои химия, биология ва психология озмун эълон менамояд.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи ректори донишгоҳ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва такмили ихтисос;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

- нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои нафароне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- 4 дона акси андозаи 3х4;

- маълумотнома (объективка бо акси ранга);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони вазифаҳои доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки самаранокии вазифаи ишғолшавандаро таъмин менамояд;

- 5 сол собиқаи омӯзгорӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

- дониш ва маҳорати хуби педагогӣ, идоракунӣ, таъмини раванди таълим;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ташкили дарс.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 , шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус (ошёнаи якуми бинои асосии донишгоҳ) Тел: +992 (37) 224-18-01

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj