• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ҲАМКОРИҲО БО САФОРАТИ ФАРОНСА ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар таърихи 20-уми октябри соли 2022 сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Таран ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овард, ки ӯро намояндаи бахши фарҳангии сафорат Эва Тозйе ва ёвари ӯ Муҳиба Шарифова ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ, Аҳлиддин Ибодуллозода бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Фаррух Худойдодзода пазироӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба даъвати омӯзгорони касбӣ аз Фаронса ҷиҳати фаъолият дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, густариши робитаҳои адабиву фарҳангӣ, масоили табодули омӯзгорону донишҷӯёнро баррасӣ карданд. Дар доираи ташрифи хеш сафири Фаронса Мишел Таран инчунин бо устодону донишҷӯёни бахши забони фаронсавии факултети забонҳои романӣ-германӣ мулоқот намуд.

 

Дар фарҷоми мулоқот муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ба сафири Фаронса бо самимияту иродатмандии хоса тӯҳфаи рамзӣ ҳадя кард.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj