• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

РЕКТОР: ҒОЛИБОНИ ОЗМУН АЗ 20%-И МАБЛАҒИ ҲАҚҚИ ТАҲСИЛ ОЗОД КАРДА ШАВАНД!
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканону сардорони раёсатҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар ҷаласаи корӣ ректори Донишгоҳ масъалаҳои назорат ва одилона ҷамъбаст намудани озмунҳо, назорати сарбории фаъоли омӯзгорон, назорати донишҷӯёне, ки стипендия мегиранд, таъмини лабораторияҳо бо лавозимоти таълимӣ, ҳолатҳои дарсшиканӣ, қайд накардани журналҳо, назорати сарулибоси донишҷӯён, такмили ихтисос ва таҷлили бошукуҳи Рӯзи парчами давлатиро мавриди баррасӣ қарор дод. Ректори Донишгоҳ дастур дод, ки ғолибони озмуни забондон, ки 400 вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисиро ба иловаи 2 ғазал азбар намуданд, тибқи шартҳои озмун барои аз 10 то 20% кам намудани пардохти маблағи ҳаққи таҳсил пешниҳод карда шаванд.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj