• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Исследование
There are no translations available.

ИРОАИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА

Имрӯз, дар таърихи  23 ноябри соли 2022 тибқи ҷадвали баргузории муҳокимаи ҳисоботи солонаи фаъолияти  факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ  дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  аз ҷониби муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.п. Шарипов А.Ф. ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ манзур карда шуд.

Дар  ҷараёни муҳокимаи  ҳисоботи солона муовини ректори донишгоҳ  оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. ,профессор Сангинзод Д, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ профессор Худойдодзода Ф, сардори Раёсати илм ва инноватсия Идиев С.Б., масъули бахши табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултети мазкур , мудирони кафедраҳои марбут ба он ва як зумра устодони факултет иштирок намуданд. Лозим ба зикр аст, ки ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳар як муассисаи таълимӣ  ба ҳисоб меравад. Ҳангоми ноил гаштан ба дастовардҳои илмӣ мо метавонем мавқеи худро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки  берун аз он пайдо намуда, ва давлати азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ин дастовардҳоямон дар ҷаҳон муаррифӣ намоем.  Баъд аз анҷоми маъруза, ки  ҳама бурду бохти сатҳи корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар факултет дар бар мегирифт, аъзоёни раёсати донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар оянда маслиҳатҳои муфид доданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj