• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ПАРЧАМ – ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар таърихи  24- ноябри соли 2022  бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи хизматрасонии иҷтимоӣ, маданӣ ва туризми  факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид. Дар дарси мазкур мудири кафедраи мазкур, дотсент Самиев А.М., муовини декан оид ба илм, дотсент  Имомов А., кураторон Собиров М.С. ва Мусоев Д. иштирок доштанд.  Мудири кафедра дотсент Самиев А.  қайд кард, ки  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дигар устодону донишҷӯён, ки дар дарси мазкур маъруза ироа намуданд, зикр карданд, ки   Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои ин кишвар  ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj