• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСА БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

Дар таърихи 24 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба сивумин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.  Дар ҳамоиши мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудов Давлатшоҳ  ширкат ва суханронӣ намуд. Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханони табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин ироа намуд.  Дар маърӯзаи мазкур  аз ҷумла зикр шудааст, ки дар баробари ба истиқлол расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули Парчами давлатӣ пеш омад ва ҳамин тавр дар таърихи 24 ноябри соли 1992 бо ҷаӽду талошӽои  Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи муқаддаси кишвар аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол  қабул гардид. Сипас, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам дар мавзӯи "Парчам-рамзи муқаддасоти миллӣ" ва муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудов Давлатшоҳ  дар мавзӯи "Аз таърихи парчамдории тоҷикон" маърӯза ироа карданд.

Дар доираи ҳамоиши мазкур ба ғолибони озмуни донишгоҳии "Тоҷикистон - Ватани ман" ва ба барандагони  даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номи ректори Донишгоҳ ифтихорномаҳо тақдим гардид.

Дар қисмати ниҳоии ҳамоиш  дастаи ҳунарии "Чеҳранамо"-и Донишгоҳ бо  барномаи рангину хотирмон табъи ҳозиринро хуш намуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj