• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ КУРС – ТРЕНИНГ

Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши бандҳои дахлдори “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” такмили маҳорату малакаи касбии омўзгорони фанни забони англисӣ ва сайқал додани раванди таълиму омўзишу забони англисӣ ва дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” даври дуюми курс - тренингро барои омўзгорони фанни забони англисӣ дар донишгоҳ оғоз намуд.

Баргузории тренинги мазкур дар факултети филологияи тољик бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ. профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳо Азимов М., менеҷери барнома Мирзовафоева Г. ва 10 нафар омўзгорони факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки баргузории даври сеюмии тренинги мазкур дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” тибқи нақша дар таърихи 10 декабри соли 2022 сол пешбинӣ гардидааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj