• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

ТАШКИЛУ БАРГУЗОРИИ КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМЎЗӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМЎЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастури ректори Донишгоҳ , профессор Ибодуллозода А.И. оид ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин дастури Вазири маориф (ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 05.07.2022) бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи муҳандисию омўзгории шаҳри Душанбе курсҳои равияи педагогика, психология ва фанҳои дақиқро оғоз намуд.
Бояд қайд намуд, ки барои гузаронидани машғулияти таълимӣ ба шунавандагони курси мазкур омўзгорони зерини кафедраҳои Донишгоҳ, ки дорои таҷрибаи бойи педагогӣ мебошанд, ба ҳайси омўзгор сафарбар гардидаанд:
- Маҷидова Бибиҳафиза – д.и.п. профессори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир;
- Фозилов Суҳроб Мингбоевич – н.и.п. мудири кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ;
- Саидов Низомиддин Тоҷиддинович – н.и.п. омўзгори калони кафедраи умумидонишгоҳии психология;
- Наҷмиддинов Абдуғафор Мирзоевич – н.и.п. сармутахассиси раёсати таълим.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj