• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ШАРҲИ ТАСВИРҲОИ РАМЗ

Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Шуро, ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода анҷом пазируфт, рамз (логотип) - и нави донишгоҳ аз ҷониби аъзои Шурои олимон якдилона қабул гардид. Аз ин ҷониб ҳама бахшу сохторҳои донишгоҳ низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи асноди марбут ба донишгоҳро тавассути рамз (логотип) - и нави донишгоҳ ба роҳ хоҳанд монд.

Дар ҳамин замина  зарур донистам тасвирҳоеро, ки дар рамзи нав акс ёфтаанд, тавзеҳ намуда, ба ҳаволаи дӯстон гузорам. Лутфан,  хоҳиш мекунам, агар дар ин зимн мехоҳед андешаи худро баён кунед, шарҳи хешро дар зер сабт намоед. Инак:

Китоб рамзи маърифати олам аст, бинобар ин доираи тафсири он то ҳадди имкон хеле васеъ аст. Китоб  инчунин ҳамеша, аз замони ибтидо то дарки амиқи асрори олам, рамзи дониш аст. Аз ин рӯ, таҳти рамзи  китоб  кашфи илму донишро, ки манбаи  манбаи иттилоот ҳам ҳаст, дарк кунем.

Қаламу давот низ рамзи илму маърифат аст. Ҳазорсолаҳо, аз замоне, ки нахустин фарҳанги ниёкони тоҷикон, тамаддуни ориёӣ ба вуҷуд омад, донишмандон ҳуруфу суханро бо пари мурғон  ба рӯйи дафтар сабт мекарданд.

Осмони соф нишонаи покӣ, ободӣ ва амният аст. Дар меҳвари ин маъно муҳимтарин сифати тоҷикон – меҳмоннавозӣ инъикос ёфтааст.

Офтоби дурахшон рамзи шукуфоӣ ва шодӣ, дониш, шаҳомат  ва бақои миллат  аст. Азбаски он манбаи нури табиӣ низ аст, офтобро ҳамчун  рамзи гармӣ ва иқтидор низ метавон шинохт.

Бино ин ҳамон қисмати асосии таълимгоҳ аст, ки дар ҷомеаи муосир ба тари васеъ муаррифӣ  шуда, таърихи муассисаи таълимиро баён ва ба хусусиятҳои он (аз ҷумла соли таъсис) таъкид мекунад.

Ҷобир Мардонзода, мудири бахши табъу нашри Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj