• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ ГУФТУГӮИ ФАРҲАНГҲО

Дар таърихи 17-уми декабри соли равон бо ибтикори садорати факултети забонҳои романӣ-германӣ бахшида ба 30 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугӯи фарҳангҳо” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия як қатор муҳаққиқон аз кившарҳои хориҷӣ, аз қабили Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Росия ширкат намуданд. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳамзамон сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд. Сипас, муовини сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳ урии Тоҷикистон Филип Иду сухан ронда, ҳозиринро ба муносибати 30 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса табрик намуда, инчунин ба иштирокдорон дар кори конференсия комёбӣ хоҳон шуд. Профессори кафедраи забони олмонӣ Сайфулло Хайруллоев ва муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарифова перомуни ин чорабинии илмӣ ва маводи он, ки дар шакли китоб интишор шудааст, ибрози андеша намуданд. Дар идома дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Тошканд ба номи Низомӣ Зебунисо Файзуллоева, магистранти Донишгоҳи фалсафаи қиёсии Париж Антуан Поттие (тариқи онлайн), ҷонишини директори Донишкадаи забонҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Томск Валерия Лемская (тариқи онлайн), муҳаққиқи Дониҳгоҳи Ҳумболдти Берлин Роберт Лоренс, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озод Саидҷаъфаров ва мудири кафедраи забони фаронсавӣ Соқӣ Султонзода маърӯзаҳои хешро қироат карданд. Боиси тазаккур аст, ки кори конференсия дар бахшҳои “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва забоншиносии муқоисавӣ”, “Масоили адабётшиносӣ, робитаҳои адабию фарҳангӣ ва тарҷумашиносӣ” ва “Проблемаҳои таълими забонҳои хориҷӣ” идома ёфта, дар онҳо зиёда аз 110 мақола шунида шуда, мавриди баррасиӣ қарор мегиранд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj