• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТУҲФАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМ

20-уми декабри соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, бо Зафар Гулзода, раиси ноҳияи мазкур аз Мактаб-интернати кӯдакони ятим дидан намуда, ректори донишгоҳ ба 131 ятими ин Мактаб-интернат 131 баста сару либоси зимистона ва лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла 150 ручка, 330 дафтар, 150 қалам ва 50 нусха китобҳои барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим, тақдим кард.

Илова бар ин, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо иттифоқи касаби кормандону омӯзгорон ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ин Мактаб-интернати барои кӯдакони ятим кумаки яквақтаи ғизоӣ аз қабили 5 халта орд, 10 халта пиёз, 10 халта картошка, 2 халта биринҷ, 1 халта шакар, 150 литр равған, 40 кило гушт, 100 дона собун, 50 кило макарон, инчунин себ, мандарин, анор, нок, обҳои нӯшокии гуногун ва маҳсулоти қаннодии мухталиф расонида шуд. Ҳамзамон дар доираи ташриф ректори донишгоҳ баҳри ин кӯдакони ятим хони махсуси идона ороста, ҳамагиро бо таъоми яквақтаина меҳмондорӣ намуд.

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ зимнан изҳор дошт, ки дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва кӯмак расонидан ба ятимону маъюбон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj