• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ГУЗОРИШИ ОМӮЗГОРОН АЗ ДОНИШГОҲИ БРЕСТ

Чӣ гуна, ки дар гузоришҳои қаблӣ зикр шуда буд, дар асоси қарордодҳои шартномаҳои мутақобила як зумра омӯзгорони донишгоҳи омӯзгорӣ: деканони факултетҳои таърих ва ҳуқуқ Ҳусейнов А.Қ., психология Дадабоева М.С., педагогика Давлатзода Ф. Ш. ва география Қаландаров А. А. дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Брест ба номи А.С.Пушкин қарор доранд. Онҳо дар муддати рӯзҳои 12 – 24 декабри соли 2022 тибқи барномаи муқарраршуда, ки аз ҷониби роҳбари донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои донишгоҳи мазкур ба тасвиб расидааст, дар баргузории як қатор чорабиниҳо иштирок мекунанд ва инчунин шахсан дарсу ҳамоишҳо барпо мекунанд.Мусалламан барномаи инфиродии омӯзгорон дар доираи ихтисоси онҳо дар доираи 12 банд нақша –чорабиниҳо амалӣ мегардад, ки то имрӯз (21 декабри соли 2022) аксари барномаҳо иҷро шудаанд. Дар рафти сӯҳбати телефонӣ устодони донишгоҳ изҳор доштанд, ки баъд аз баргузор намудани дарс бо донишҷӯёни белорусӣ дар мавзӯи “Нақши Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ” таваҷҷуҳи онҳо ба кишвари мо афзуда, майлу рағбати хешро ҷиҳати бештар омӯхтани таъриху фарҳанги тоҷикон баён карданд. Ташрифи устодон ба матбаа ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, боғи агробиолабораторӣ, мамнуъгоҳи Беловеж, баргузор намудани якчанд ҳамоишҳои илмӣ ва амсоли инҳо аз ҷумлаи барномаҳои тарҳрезишудаи онҳо мебошад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj