• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар таърихи 22-юми декабри соли равон бо ибтикори кафедраи географияи табии факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо” мизи мудаввар баргузор гардид, ки ҳамоиши илмии мазкурро  муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуд. Мавсуф зикр кард, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути минбари СММ вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст. Дар ҷараёни маҳфили илмӣ доктори илмҳои география, профессор Муртазаев У.И., директори маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ, н.и.т. Қодиров А., муовини директори Маркази автоматии алоқаи агентии обуҳавошиносӣ Давлатов Р. ширкат ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад. Мо аз иқдомҳои Президенти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунем. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудаанд, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардидааст. Маркази мазкур тасмим гирфтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои обиро гузаронида, инчунин харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода намояд. Дар факултаҳои ҷуғрофиёи донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд.

Дар ниҳояти мизи мудаввар мудири кафедра, номзади илмҳои география, дотсент Рауфов Р.  ба иштирокдорони маҳфили  илмӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти баргузории маҳфили илмии мазкурро  муҳим арзёбӣ кард.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj