• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

Дар таърихи 27 декабри соли 2022 бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷик конференсияи илмӣ - методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълим” баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнулозода Наҳтулло оғоз намуда, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода Аҳлиддинро ба самъи ҳозирин расонд. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, профессор Шарифмурод Исрофилниё дар мавзӯи “Принсипҳои асосии муносибати босалоҳият дар таълими адабиёт”, сарходими АТТ, номзади илмҳои филологӣ Азим Байзоев дар мавзӯи “Методикаи таълими босалоҳияти алифбои тоҷикӣ барои хориҷиён” ва мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ Файз Гулматов дар мавзӯи “Андешаҳо перомуни ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба ба таълим ба мазмуни таҳсилот” маърӯзаҳои хешро ироа  карданд. Зикр гардид, ки гузариш ба муносибати салоҳиятнок ба таълим зарурати замон аст ва он ба сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созгор буда, мақсади ин барнома  баланд бардоштани маърифати ҷомеа мебошад.

Кори конференсия дар ду бахш идома ёфта, дар онҳо зиёда аз бист маърӯза мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj