• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТӢ

Дар таърихи 30 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳ баргузор шуд. Ректори Донишгоҳ, муҳтарам  Ибодуллозода Аҳлиддин иттилоъ доданд, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1824 аз 30 декабри соли 2022 бо дастрасии моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди роҳбари муассисаи мазкур Қурбонзода Рухшона Қурбон ба вазифаи муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардид. Лозим ба зикр аст, ки хонума Қурбонзода Рухшона Қурбон то ин замон вазифаи декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкурро ба уҳда дошта, дар замони иҷрои вазифаи зерин дар рушди соҳаи маориф ва дастовардҳои муассиса саҳми бориз гузоштааст. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар асоси фармоиши ректор номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт Мирзоалиева Адолат Шералиевна ба ҳайси декани факултети филологияи тоҷик таъйин карда шавад.

 

Дар ин баробар ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар бораи масъалаҳои ҷорӣ ҳарф зада, ҳамчунин ҳама устодону кормандон ва донишҷӯёнро бо фарорасии соли нави милодии 2023 табрик намуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj