• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ

Тибқи ҷадвали баргузории дарсҳои кушод, ки аз 22 сентябри соли 2022 тасдиқ шудааст, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти назорати шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронӣ пайваста дарсҳои кушод баргузор мегарданд.Дар асоси ҳамин нақша дар таърихи 20-уми январи соли 2023 бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети химия дарси кушоди номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Наимов З.Ҷ. барпо карда шуд. Мавсуф дар доираи мавзуи “Фалсафаи дониш ва маориф дар Тоҷикистон” моҳияти масъаларо баррасӣ карда, зикр намуд, ки ин мавзуъ аз умдатарин нуктаҳои Паёми навбатии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Дар ин баробар моҳияти асосии мавзуъро ба таври возеҳ баён карда, ҷиҳатҳои илми педагогикаи муосирро, ки ба баланд шудани сатҳи донишу маърифат ва рушди соҳаи маориф равона гардидаанд, барои ҳозирин ошкор намуд. Дар ин баробар ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мусбат ироа карда шуд.Иштирокдорони дарси кушод аз баргузории чунин дарси шавқовар изҳори қаноатмандӣ карданд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj