• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

НАХУСТҶАЛАСАИ ШӮРОҲОИ НАВТАЪСИС

Бо қарорҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2022 таҳти рақами 308 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-069-Адабиётшиносӣ ва таҳти рақами 306 Шурои диссертатсионии 6D.КОА-068-Филология дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъсис дода шуд, ки падидаи нек барои рушди илми донишгоҳӣ мебошад.
Дар ин замина дар таърихи 20 январи соли 2023 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ нахустин ҷаласаи Шӯроҳои мазкур баргузор гардид, ки дар он муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар, мудири шӯъбаи омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ Ахиева Саодат, саркотиби Шӯроҳои диссертатсионӣ Усмонзода Шоҳрух ва аъзои Шӯроҳо ширкат намуданд. Ҷаласаро профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, таъсисёбии ду Шурои навро ба ҳозирин табрик гуфт. Мавсуф дар ҷараёни суханронии хеш зикр намуд, ки таъсисёбии Шуроҳои болозикр дар донишгоҳ мутахассисонро ба он водор мекунад, ки сари вақт рисолаҳои илмии хешро дифоъ кунанд. Инчунин профессор Дониёр Сангинзод аз меъёрҳои талабшавандаи низоми ин раванд ёдовар шуда, даъват ба амал овард, ки раисону муовинон ва котибони техникӣ онҳоро қатъӣ риоя кунанд. Дар идома Саодат Ахиева фармоишҳои КОА оиди таъсисёбии Шӯроҳоро ироа намуда, ҳозиринро бо ҳайати Шӯроҳо шинос намуд.
Тибқи фармоиши КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯроҳои мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз руйи ихтисосхои 6D021400 – Адабиётшиносӣ (6Б021401-Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ ва 6D021403 - Таърихи адабиёт, равобити адабӣ) ва 6D011702 - Назария ва методикам таълими адабиёти тоҷик (6D011702.01 - Назария ва методикаи таҳсилоти умумӣ), ҳамзамон барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз руйи ихтисоси 10.01.00 - Адабиётшиносӣ (10.01.08 - Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ ва 10.01.04 - Таърихи адабиёт, равобити адабӣ) ва номзади илмхои педагога аз руйи ихтисоси (13.00.02.04- Назария ва методикам таълими фанҳои гуманитарӣ (тахсилоти миёнаи умумӣ) ва инчунин барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз руйи ихтисосҳои 6D020500- Филология (6D020502-3a6oни тоҷикӣ) ва 6D021300 - Забоншиносӣ (6D021301- Назарияи забои ва 6D0205011 - Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ва доктори илмҳои филологӣ аз руйи ихтисосҳои 10.02.00- Забоншиносӣ (10.02.01 - Забони тоҷикӣ; 10.02.19 - Назарияи забон ва 10.02.20 - Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) таъсис дода шудаанд, ки ҳимоякунандагон дар асоси талаботи низомномаи он метавонанд рисолаҳои илмии худро дифоъ кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати Шӯроҳои мазкурро олимони варзидаи соҳа аз донишгоҳ ва берун аз он ташкил медиҳад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj