• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ОМОДАГӢ БА НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ ТАҲСИЛ

Тибқи барномаи ҷаласае, ки дар таърихи 21 январи соли 2023 дар факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло баргузор гардид, масъалаҳои омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсил, муҳокимаи натиҷаи сессия дар шӯрои олимони факултет ва ҷаласаҳои кафедраҳо, ҷамъбасти даври фаъоли сессияи зимистона, таъйин намудани донишҷӯёни аълохон бо стипендия, ташкили триместр, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, истифодаи васоити техникии таълим дар дарсҳо, омода намудани дарсҳои видеоӣ, риояи интизоми меҳнат, омодагӣ ба аттестатсияи навбатӣ ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд. Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мирзозода Шаҳриёр, декани факултети педагогика Давлатзода Фаридун, мудирон ва устодони кафедраҳои марбутаи факултет ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласа Айнуллозода Наҳтулло ҳисоботи ашхоси масъулро доир ба масъалаҳои зикршуда шунида, вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин тавсияҳо пешниҳод кард. Маврид ба зикр аст, ки тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода баргузории чунин ҷаласа дар дигар факултетҳо бо ширкати муовинони ректор ба нақша гирифта шудааст.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj