• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

БАРРАСИИ КОРҲОИ ТАШКИЛӢ ҶИҲАТИ ОҒОЗИ НИМСОЛАИ ДУЮМИ ТАҲСИЛ

Тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин дар факултетҳои донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ҷаласаи ҳисоботӣ оиди омодагии факултетҳо ба нимсолаи дуюми соли таҳсил баргузор гардида истодааст. Зимнан, дар таърихи 24 январи соли 2023 чунин ҷаласа дар факултети биология баргузор гардид, ки дар муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло, сардори раёсати таълим Искандар Сулаймонов, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мирзозода Шаҳриёр ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласа як қатор масъала, аз ҷумла омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсил, муҳокимаи натиҷаи сессия дар шӯрои олимони факултет ва ҷаласаҳои кафедраҳо, ҷамъбасти даври фаъоли сессияи зимистона, таъйин намудани донишҷӯёни аълохон бо стипендия, ташкили триместр, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, истифодаи васоити техникии таълим дар дарсҳо, омода намудани дарсҳои видеоӣ, риояи интизоми меҳнат, омодагӣ ба аттестатсияи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Наҳтулло Айнуллозода ҳисоботи масъулинро оиди масоили болозикр шунида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳо дод.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj