• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАСТОВАРДИ ИЛМИИ ОЛИМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Чӣ тавре, ки маълум аст, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Назаров Аҳтам Пулотович методи  гузаронидани корҳои контролиро бо номи “Методи Пулот” эҷод кардааст. Дар заминаи методи мазкур якчанд барномаҳои компютериро сохтааст, ки натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белоруссия низ мавриди истифода мебошад. Дар ин баробар дотсент Назаров А.П. оид ба илмҳои методикаи таълими математика ва информатика, таърихи информатика, барномасозӣ ва амсоли инҳо мақолаҳои пурмазмуни илмию методиро нашр менамояд. Дар шумораи №3 (3), 2020, саҳ. 32-36 Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, (Серияи 2. Педагогика ва психология, назария ва методикаи таълим) мақолаи илмии ӯ таҳти унвони “Давраҳои таърихии таълими информатика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба табъ расида буд, ки  таваҷҷуҳи доираи олимон ва методистони Федератсияи Россияро ба худ ҷалб кардааст. Дар ҳамин асос мақолаи мазкур  ба озмуни байналхалқии XXV “Ташкилоти умумироссиягии коркардҳои илмӣ-тадқиқотии Россия” “ОНР ПТСАЙНС” пешниҳод шудааст, ки ин падида боиси ифтихори мо мебошад. Озмуни зикршуда дар таърихи  21 январи соли 2023 ҷамъбаст гардида, дотсент Назаров А.П. ба гирифтани дипломи дараҷаи якуми ташкилоти илмии Федератсияи Россия дар номинатсияи илмҳои педагогӣ ва методикаи таълим сазовор гардиданд. Раёсати Донишгоҳ устодро бо ин дастоварди илмиашон табрик намуда, барояшон фатҳи қуллаҳои баландро таманно менамояд. Лозим ба зикр аст, ки ин дуюмин дастоварди Назаров А.П. дар номинатсияи илмҳои педагогӣ ба ҳисоб меравад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj