• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ИБОДУЛЛОЗОДА: ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОМӮЗГОРРО АЗ МИЁН МЕБАРАД

Имрӯз, 26 январи соли 2023 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо 883 нафар донишҷӯёни курсҳои 3-юму 4-уми ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки тибқи шартнома ба 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сафарбар мешаванд, мулоқот анҷом дод.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки маҳз таҷрибаомӯзӣ донишҷӯро бо рисолати муқаддаси омӯзгор ошно месозад ва имкон медиҳад, ки малакаву маҳорат ва донишҳои андӯхтаи худро такмил дода, худро ҳамчун мутахассиси ҷавони дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ, ба хонандагон меҳрубон ва нисбати касби худ садоқатманд муаррифӣ намоянд. Ректори донишгоҳ ҳамзамон иброз дошт, ки давра ба давра сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ имкон медиҳад, ки норасоии омӯзгорон аз миён бардошта шавад.

Аҳлиддин Ибодуллозода дар ин замина, аз мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва директорону масъулини таҷрибаомӯзӣ тақозо намуд, ки ҷиҳати назорати таҷрибаомӯзон ҳамкориро бо донишгоҳ мустаҳкам ба роҳ монда, раванди ҳозиршавии таҷрибаомӯзонро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Эзоҳ: Масъулини шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ дар сурати пеш омадани зарурат метавонанд тариқи телефони 2241383 дар тамос бошанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj