• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

 

РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ИЛМУ ТАРБИЯ ЯК НИЗОМИ МУШТАРАК АСТ
Имрӯз, дар таърихи 28 январи соли 2023 тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи қисми илм баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шаҳриёр Мирзозода, мудири шӯъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷобир, мудири китобхона Наимов Зариф, декани факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва як зумра устодон ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масоили марбут ба ҳарсе самти фаъолияти устодони донишгоҳ, махсусан сарбории омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Наҳтулло Айнуллозода доир ба ҳаҷми соатҳо ва тақсимоти онҳо аз рӯи самтҳо, Дониёр Сангинзод перомуни фаъолияти илмии устодон, таҳияи мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғ., Идиев Соҳибназар дар бораи нақшаи солонаи иҷрои корҳои илмӣ, Наимов Зариф доири рисолати омӯзгор ва Мардонзода Ҷобир оиди талабот нисбати таҳияи мақолаҳои илмиву илмӣ-оммавӣ сухан ронданд. Зимнан, ҷиҳати иҷроиши қисми ба илм бахшидашудаи сарбории омӯзгорон дастурҳои мушаххас дода шуд, то дар ин самт фаъолияти устодон боз ҳам пурсамартар гардад. Дар ниҳояти ҷаласа муовинони ректори донишгоҳ даъват ба амал оварданд, ки раванди таълиму илму тарбия як низоми муштарак аст ва бояд ҳама кӯшиш ба харҷ диҳем, то ин низом гусаста нашавад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj