• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

2-юми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо ширкат намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамарӯза миёни донишҷӯёни факултетҳо, инчунин дар хобгоҳҳои донишгоҳ вохӯриву суҳбатҳо миёни донишҷӯён баргузор намуда, ҷиҳати дурӣ ҷустан ва огаҳӣ пайдо намудан аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки оқибати нохуб дорад, онҳоро огоҳ менамояд. Дар идома намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Масоили ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии дар қаламрави кишвар мамнуъшуда суханронӣ намуда, донишҷӯёнро аз ҳадафҳои асосие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар самти масъалаҳои зикршуда ҷонибдор аст, изҳори назар намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фирефта нашудани ҷавонони камдонишу ноогоҳ ба ингуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нақша-чорабиниҳо омода намуда, мунтазам дар миёни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj