• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РЕКТОР БО МАГИСТРАНТИ ХОРИҶӢ

Возможно, это изображение 3 человека, люди сидят и в помещенииДар таърихи 3 феврали соли 2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо магистранти Донишгоҳи Венаи Утриш Линда Либих, ки барои тадриси забони олмонӣ ба донишгоҳ ташриф овардааст, мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ташкили маҳфилҳо барои донишҷӯён ва курси таклмили ихтисос барои омӯзгорони ҷавони шӯъбаи забони олмонӣ баррасӣ гардиданд. Зимнан пешниҳод карда шуд, ки мутахассиси соҳибзабон барои баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷўёни шӯъбаи забони олмонӣ кӯшиш ба харҷ диҳад ва барои тайёр намудани онҳо ба озмунҳои дохилидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳмгузор бошад. Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд сол аст, ки тибқи шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Вена дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар нимсолаи баҳорӣ як нафар магистри бахши педагогӣ-забоншиносии донишгоҳи болозикр ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ ташриф оварда, давоми як нимсола ба донишҷӯёни шӯъбаи забони олмонӣ дарс мегӯяд.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj