• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ ИСТЕҲСОЛИ МИЗУ КУРСИҲОИ ЗАМОНАВИРО БА РОҲ МОНД

Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияташ чашмрас набуд, имрӯз бо ташаббуси Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст истеҳсоли мизу курсиҳои замонавиро ба роҳ монд. Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки мақсад аз коркарди мизу курсиҳои замонавӣ дар назди Парки технологии донишгоҳ ин ба хотири давра ба давра иваз намудани мизу курсиҳои куҳнаву фарсудае, ки солиёни зиёд дар чанде аз синфхонаҳои таълимӣ истифода мешаванд, мебошад. Бояд қайд кард, ки имрӯз самти фаъолияти парки технологии донишгоҳ барои беҳтару хубтар гардонидани кори таълиму тарбия дар донишгоҳ нигаронида шуда, танҳо барои пешбурди корҳои хоҷагии дохилии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj