• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ ҲАТМИСТ

Дар таърихи 6 феврали соли 2023 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ бо иштироки муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнулозода, раиси Иттифоқи касабаи устодону кормандон Ҳобил Зикирзода ва муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шаҳриёр Мирзозода ҷаласа баргузор гардид. Зимни ҷаласа Наҳтулло Айнулозода оид ба интизоми меҳнат ва ҷавобгарӣ нисбати вайрон кардани талаботи низоми меҳнат сухан ронда, таъкид намуд, ки талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи донишгоҳ оид ба интизоми меҳнат аз тарафи кормандону устодони факултет бояд риоя карда шавад ва агар дар ҳолатҳои вайрон гардидани меъёрҳои интизоми меҳнат аз тарафи устодону кормандон мушоҳида шавад, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Дар идома Ҳобил Зикирзода доир ба масъалаи мазкур ибрози андеша намуда, ҳамзамон аз устодону кормандони факултет даъват ба амал овард, ки масъулиятшинос бошанд, рисолати омӯзгории худро сидқан иҷро кунанд, нисбати касби худ хунукназарӣ нанамоянд ва ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj