• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОН

Дар таърихи 8-уми феврали соли 2023 таҳти роҳбарии раиси Шурои олимон А. Ибодуллозода ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, як қатор масъалаҳои асосӣ, ташкилӣ ва ҷорӣ матраҳ гардиданд. Аз ҷумла, сардори Раёсати таълим И.Сулаймонов оид ба ҷамъбасти даври асосии сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2022, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С. бобати вазъи иҷрои барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 дар факултетҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, сардори Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон Мардонзода Ҷ. оид ба фаъолияти Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон дар соли 2022 ва нақшаи дурнамо барои соли 2023, Н. Абдурашитов оид ба иҷрои қарорҳои Шурои олимон гузориш ироа карданд. Як қатор масъалаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ворид кардани тағйиру иловаҳо ба шартномаи соли таҳсили 2023-2024, тасдиқи низомномаҳо, муттаҳид намудани гурӯҳҳои академӣ, аз пардохти маблағи шартнома озод намудани гурӯҳи донишҷӯён, пешниҳод ба ҷоизаи давлатӣ ва унвони дотсент ва амсоли инҳо тасдиқ гардида, ҳисоботи мудирони кафедраҳое, ки муҳлаташон ба анҷом расидааст, шунида шуд. Тибқи рӯзномаи ҷаласаи раёсати донишгоҳ пешниҳодоти мудири ШИСТ ва НЭ Ҳакимов Р., сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус А. Мустафозода якдилона пазируфта шуд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj