• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ““ТОҶИКОН”-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ”

Дар таърихи 17 феврали соли 2023 даври дуюми донишгоҳии озмуни ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” шуруъ шуд. Ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод якчанд довталабонеро, ки дар даври аввал  ғолиб омода буданд, мавриди суолу пурсиш қарор доданд. Зимнан, профессор Дониёр Сангинзод иброз дошт, ки озмуни мазкур бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашта истодааст ва ҳадафи он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар, ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва олимону муҳаққиқони ин соҳа ширкат варзидан метавонанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj