• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ИЛМӢ - МЕТОДӢ

24 феврали соли 2023 ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ баргузор гардид. Ҷаласаро раиси шуро, муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз бахшида, аъзоёни шуроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Дар идома гузоришҳои сардори раёсати таълим Сулаймонов И. оиди истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва татбиқи технологияи нав дар раванди таълим, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Мансурова З. оиди вазъи корҳои таълимию методӣ, илмӣ ва сифати тайёр кардани мутахассисон дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, сардори гурӯҳи корӣ Каримов Ш. оид ба вазъи ҳуҷҷатгузории Шурои  илмӣ-методии факултетҳо ва иҷрои қарорҳои Шурои илмӣ-методии донишгоҳ, сардори маркази хизматрасонии техникӣ ва коммуникатсионӣ Лутфуллои С. оид ба вазъи синфхонаҳои компютерӣ, шароити таъминот, дастрасии интернет ва истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим шунида шуданд. Ҳамзамон дар ҷаласа 2 монография, 5 дастури таълимӣ, 4 китоби дарсӣ, 2 барномаи таълимӣ, ки барои нашр пешниҳод шуда буданд, баррасӣ гардида, ба чоп тавсия шуданд ва вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ва ҷорӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj