• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ, ТАРҶУМА ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР МАКОТИБИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ

Дар таърихи 11 марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” ва 80 солагии профессор Парвонахон Ҷамшедов таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, тарҷума ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар макотиби таҳсилоти олӣ” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст, ки  донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавии шахс аст. Зарурати дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ муаррифӣ кардани кишвар дар арсаи байналмилалист.

 

Дар идома, профессори кафекдраи забони олмонӣ Хайрулло Сайфуллоев, профессори кафедраи забони русӣ ҳамчун забони хориҷии Донишгоҳи давлатии иҷтимоӣ-педагогии Волгоград Олга Дмитриева (тариқи онлайн), аспиранти кафедраи забони русӣ ҳамчун забони хориҷии Донишгоҳи давлатии иҷтимоӣ-педагогии Волгоград Чжан Шуи (тариқи онлайн),  докторанти Донишгоҳи давлатии Самарқанд Илёс Ҷӯраев, профессор Парвонахон Ҷамшедов ва магистри илмҳои педагогии Донишгоҳи Вена Линда Либих маърӯза карданд.

Бояд зикр кард, ки кори конференсия дар бахшҳо идома ёфта, дар онҳо зиёда аз сад мақола шунида шуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj