• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

БАРРАСИИ МАВЗУОТИ МУҲИМ ДАР ҶАРАЁНИ КОНФРЕНСИЯ

Возможно, это изображение 5 человек и помостДар таърихи 15 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик таҳти талаботи якчанд барномаҳо, аз ҷумла “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон (солҳои 2023-2027)”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, дотсент Сироҷиддин Ниёзӣ, котиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфи Расул, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳо Анвар Қодиров ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ ширкат намуданд. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Садриддин Айнӣ дар воқеъ шахсиятест, ки бо мероси адабӣ ва илмӣ-таҳқиқотии хеш дар муаррифии таъриху маданияти миллати тоҷик ба ҷаҳониён нақши бориз гузоштааст. То кунун паҳлӯҳои гуногуни афкор ва мероси гаронмояи ин абармарди майдони адаб аз ҷониби муҳаққиқону нуктасанҷон мавриди пажӯҳиш қарор гирифта бошад ҳам, масъалаҳои номакшуфе дар осору ашъори Айнӣ мавҷуданд, ки ба таҳқиқу баррасии густурда ва амиқ ниёз доранд.Сипас, профессор Пирумшоев Ҳайдаршо дар мавзӯи “Нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди шарқшиносии сатҳи ҷаҳонӣ”, профессор Ғафуров Абдушукур дар мавзӯи “Ибора ва хусусиятҳои он”, профессор Солеҳов Шамсиддин дар мавзӯи “Устод Садриддин Айнӣ ва воқеияти замони ӯ” ва магистри соли дуюм Ноибова Нигора дар мавзӯи “Асосҳои коркарди ашёи минералии мураккаби табиӣ ва техникӣ” маърӯза карданд.

Маврид ба зикр аст, ки конференсияи зерин фарогири мавзуоти зиёд буда, тибқи нақша то санаи 21 апрел дар бахшҳо идома хоҳад ёфт.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj