• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ҶОПОН ҶАЛБ МЕШАВАНД
12-уми майи соли равон дар доираи ҳамкориҳо намояндагони Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни ихтисоси таърих ва муносибатҳои байналхалқии факултети таърих ва ҳуқуқ маърӯзаи омӯзишӣ баргузор намуданд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қурбонзода Рухшона меҳмононро муаррифӣ намуда, ба донишҷӯён иштироки фаъолонаро таъкид намуданд.
Бояд зикр кард, ки маърӯзаи омӯзишӣ аз тарафи Мушовир, муовини роҳбари намояндагии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Томонори Ҳасегава баргузор карда шуд. Боиси хушнудист, ки муҳтарам Томонори бо забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, баён намуд, ки мақсад аз ин тасмим эҳтиром ба забону фарҳанги ин миллат мебошад. Дар рафти маърӯзаи омӯзишӣ Томонори Ҳасегава аз муносибатҳои пурсамари Тоҷикистону Ҷопон ёдовар шуда, аз ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм зикр намуд.
Ҳамчунин, аз тарафи намояндагони сафорат ба донишҷӯёни донишгоҳ маълумот оид ба барномаҳои таҳсилӣ ҷиҳати идомаи таҳсил дар Ҷопон пешниҳод гардид. Ҳамакнун дар доираи дурнамои ҳамкорӣ донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати идомаи таҳсил дар Ҷопон тариқи барномаи таҳсилотии МЕХТ соҳиби имтиёзи бештар мегарданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj