• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

РУШДИ ИЛМҲОИ ХИМИЯ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА ЭКОЛОГИЯ
Дар таърихи 12 майи соли 2023 бо ибиткори раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо факултети химия бахшида ба 20-солагии таъсисёбии кафедраи технология ва эколгияи химиявӣ ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таҳти унвони “Рушди илмҳои химия, технология ва экология” конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст ва ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
Дар идома доктори илмҳои химия Сербин Александр Владимирович дар мавзӯи “Имконияти интегратсияи химияи нефт, пайвастагиҳои табиӣ ва макромолекулавӣ дар синтези доруҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол”, профессор Бандаев Сироҷиддин Гадоевич дар мавзӯи “Меркуронидани орто-нитроҳосилаҳои арилсиклопропанҳо ва мубаддалгардонии маҳсулотҳои реаксия ба ß –хлормеркур – 2 – нирозопроптофенонҳо. Соҳаҳои истифодабарӣ ва механизми реаксия”, профессор Тухтасун Ҷураевич дар мавзӯи “Асосҳои физикӣ-химиявии зуҳуроти ирсӣ дар табиати ғайриорганикӣ”, номзади илмҳои техникӣ Наимов Носир Абдураҳмонович дар мавзӯи “Таҳқиқ ва таҳияи технологияи коркарди комплексии маъданҳои гилхокдори Тоҷикистон бо усули сулфаткунонӣ” ва дотсент Усмонов Муҳаммадсалим Бозорович дар мавзӯи “20 соли фаъолияти кафедра” маврӯза карданд.
Ёдовар мешавем, ки кори конференсия дар чор бахш идома ёфта, дар он зиёда аз 80 мақола шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj