• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲРО НАЗАРРАС АРЗЁБӢ НАМУД

Возможно, это изображение 3 человека, помост и текстБо мақсади муайян намудани вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд.
24-уми майи соли ҷорӣ ба ин муносибат бо иштироки ректори донишгоҳ Ибодуллозода А. ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар ҷалассаи васеи устодону кормандон оид ба баррасии натиҷаи аттестатсияи давлатӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Содиқзода Хурсанд Сафар зимни суханронӣ фаъолияти донишгоҳро дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ намуда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти муассиса пешниҳодҳои судманд намуд. Зимнан таъкид шуд, ки ҳадафи асосии Агентӣ муайян намудани самтҳои сиёсати ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идорӣ буда, инчунин ҳуҷҷатҳои таҳсилоти дар хориҷи кишвар гирифташударо эътироф ва баробарарзишӣ намуда ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагон, шунавандагону донишҷӯён, магистрантон, докторантон, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳанд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj