• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

РЕКТОР: ПЕШРАФТИ КОРИ МО АЗ ТАТБИҚИ ДУРУСТИ БАРНОМАҲОВУ СТАНДАРТҲОИ СОҲА ВОБАСТА АСТ!
25-уми майи соли 2023 ҷаласаи васеи назоратии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сардорони шуъбаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.
Ҷаласаро Аҳлиддин Ибодуллозода аз якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳое, ки дар хулосаи Агентӣ дарҷ гардида буданд оғоз намуда, ҳамзамон масъалаҳои назарати ҷиддии раванди ҳозиршавии омӯзгорон ба дарс, танзими меъёри ҳуҷҷатҳо, танзими ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон шакли таҳсили рӯзона ва фосилавиро мавриди баррасӣ қарор дод. Илова бар ин, дар ҷараёни ҷаласаи корӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ёдовар шуд, ки татбиқи дурусти барномаҳои таълимиву стандартҳои соҳаи маориф ба мо имконият медиҳад, ки сатҳу сифати таълиму тарбиятро дар донишгоҳ беҳтару хубтар намоем.
Дар ҷаласа ҳамчунин ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуд, ки бояд дар кутоҳтарин фурсат вазифаҳои базиммадоштаи худро анҷом дода, аз натиҷа ба ректори донишгоҳ гузориши хаттӣ пешниҳод намоянд.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj