Хабарҳо |
There are no translations available. ҶАЪФАРИ ТИРМИЗӢ МЕҲМОНИ МАҲФИЛИ «ХИРАДМАНД ![]() ![]() Сипас, муҳаққиқ ва шоир Абдуллои Раҳнамо дар мавриди эҷодиёти
Ҷаъфари Тирмизӣ сухан карда, нақши ӯро дар такомули шеъри тоҷик созанда ва пураҳамият хонд.
Ҷаъфари Тирмизӣ бо қироати ашъори тозааш ҳозиринро ба росткориву меҳандӯстӣ, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, ободониву созандагӣ, дӯстиву рафоқат ҳидоят намуд.
Дар мулоқоти озоду самимӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ перомуни вазъи кунунии шеъри замони истиқлол, бозтоби дастовардҳои замони истиқлол дар осори адибон, нақди адабӣ ва мақоми он дар адабиёти муосир, мушкилоти шеърҳои замони истиқлол мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Профессор Саидмуроди Хоҷазод ба шахсият ва осори Ҷаъфари Тирмизӣ баҳо дода, шеъри ӯро пайвандгари дирӯзу имрӯз, пур аз маъниҳои тоза, ибораҳои шоирона унвон намуда, ӯро шоири тозапардоз гуфта, намунаи зерро мисол овард:
Ошиқон! Куҷо рафтед, ҷамъият парешон нест,
Ман ба лаб ғазал имшаб шамъи ҷамъи ёронам.
Ишқ гул кунад Ҷаъфар дар дили зимистонҳо,
Чунки ман паёме сабз аз дили баҳоронам.
Хотиррасон менамоем, ки Ҷаъфари Тирмизӣ ба сифати публитсисти номвар ва устоди суханвар низ дар баррасии масъалаҳои мубрами рӯз тавассути воситаҳои ахбори омма дасти боло дорад. Осори публитсистии ӯ дорои маъниҳои самимона буда, бо муҳаббат ва масъулияти баланди худогоҳиву меҳанпарастӣ эҷод шудаанд.
Дар хотима донишҷӯёни факултети филология аз ашъори Ҷаъфари Тирмизӣ пораҳои шеърӣ қироат намуда, ба шоир аз номи ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мулоқот бо ин шоири тозапардоз таассуроти ҳозиринро рангину ғанӣ гардонд.
|