• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 6 человек и текстИмрӯз дар факултети филологияи донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ маҳфили илмиву фарҳангӣ доир шуд. Декани факултет, доктори илмҳои фалсафа Фаррух Худойдодзода маҳфилро ифтитоҳ намуда суханро ба сардори раёсати илм ва инноватсия Абдуҷалилзода Фарзона дод. Номбурда иброз дошт, ки масъалаи муҳиме, ки ба омӯзишу ҳифзи забони миллӣ ҳамрадиф аст, вазъи таълими забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Зеро ин масъала то замони истиқлол дар ҳама соҳаҳои ҳаёт ва ҷанбаҳои гуногуни
ҷомеа хеле нигаронкунанда буд.
Меҳмони маҳфил, номзади илмҳои филология, саромӯзгори кафедраи забоншиносии филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов Шаҳло Музаффарова дар мавзуи “Роҳҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суҳбат намуд. Ӯ иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар яке аз ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Ҳоло ин барнома мавриди амал қарор дошта, дар рушди забони тоҷикӣ нақши бориз мегузорад. Ҳамчунин Президенти мамлакат борҳо зикр карданд, ки мо бояд ба таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем.
Бо шарофати неъмати бебаҳои истиқлол ин вазъи барои миллату давлат ногувор маҷрои худро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа таѓйир дод. Яке аз ин самтҳо таълими ҷиддии забони тоҷикӣ ба сифати фанни ниҳоят муҳим ва тақвиятбахши рукнҳои давлати миллӣ дар тамоми риштаҳои ҳаёт, бавижа дар факултаҳои ѓайрифилологии муассисаҳои олии таълимӣ мебошад.
Сипас, оид ба вазъ, мушкилот ва дурнамои рушди забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ профессори кафедраи назария ва амалияи забон Нурхон Гадоев суҳбати озоду самимӣ кард.
Ҳангоми суханронӣ профессор Саидмуроди Хоҷазод иброз дошт, ки воқеан имрӯз забони тоҷикӣ дар паноҳи давлат қарор гирифтааст. Яъне, забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст. Давлат барои ҳифзу пешрафти забон шароит фароҳам меорад. Натиҷаи дастгирии бевоситаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз забони ширини тоҷикӣ аз минбарҳои баландтарини созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад ва кӯшишҳо барои ҳақадами замон намудану ба забони илму технологияи муосир табдил додани он босуръат идома дорад.
Шеърхонии шогирдон дар васфи забон маҳфилро рангин намуд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj