• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ФАЛСАФА ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН
Возможно, это изображение 2 человека, телевизор, помост и текстИмрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ конфронси илмиву амалӣ зери унвони «Фалсафа ва нақши он дар рушди тафаккури иҷтимоии Тоҷикистон» доир шуд. Онро бо сухани ифтитоҳӣ мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангзиносӣ Саидова Гулхумор ифтитоҳ намуд. Муовини ректор оид ба таълим Наҳтулло Айнуллозода иброз дошт, ки конфронси мазкур ба ифтихори 100 - солагии Мунзифа Ғаффорова - файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Номбурда солҳои 1940–1943 дар бахши табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷанд таҳсил кардааст. Солҳои 1957–1962 дотсенти Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1962–1973 мудири кафедраи фалсафаи донишкадаи мазкур кор кардааст. Солҳои 1974–1979 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон, 1979–1988 ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории

ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст.
Дар маърузаҳои олимон, меҳмонон ва пайвандони Мунзифа Ғаффорова таъкид шуд, ки таҳти роҳбарии ӯ шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторияшонро дифоъ намудаанд. Номбурда муаллифи зиёда аз шаш асару 300 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад. Дар корҳои илмию тадқиқотияш масъалаҳои ба ҳаёт татбиқ намудани идеяи озодии занон, хусусан занони Шарқи Шуравӣ, симои маънавии занони тоҷик ва шуури ҷамъиятӣ бозтоб ёфтаанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj