• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ – БЕҲТАРИН ДОВТАЛАБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Возможно, это изображение 2 человека и текст
Рӯзи 22 ноябр бо ибтикори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои марбута маросими мукофотсупорӣ ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад, ки ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни 45 нафар аз 42 муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қотори беҳтарин довталабон қарор гирифтанд.
Беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 аз рӯйи «Пешаи омӯзгорӣ» Шарифгул Рустамова аз факултети забон ва адабиёти тоҷик ва Муҳайё Абдураҳмонзода аз факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муайян ва қадрдонӣ гардиданд.
Албатта, ҳадафи ҳамасола интихоб намудани беҳтаринҳо ин пеш аз ҳама ҳавасмандсозии ҷавонон, тарғибу ташвиқи илмомӯзӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таҳсил мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки беҳтаринҳо аз рӯи холҳои бадастовардаашон дар ҳама субтестҳои имтиҳонҳо, ки мақоми болотаринро соҳиб гардидаанд, интихоб шуданд.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj