Хабарҳо |
There are no translations available. ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАТАНДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Парчам, Нишон ва Конститутсия дар баробари рукнҳои давлатдорӣ аз муқаддасоти миллии ҳар кишвар маҳсуб мегарданд. Моҳияти асосии парчам муттаҳид кардани мардум барои мақсадҳои ягона аст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.
Вақте ки мо имрӯз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Аввалин парчамҳо вексилоидҳо - акси худоҳо, рамзу нишонаҳои мухталиф доштанд. Парчамҳо аввалин маротиба дар Чин ва Миср, Эрони қадим ба вуҷуд омаданд. Онҳо ба лашкарҳо барои мавқеи худро ёфтан кумак мерасониданд. Маҳз онҳо намуди аввалини парчами давлатҳо гардиданд. Бори аввал дар таърихи Аврупо парчами матоӣ соли 480 пеш аз солшумории мелодӣ дар ҷанги Салиминск аз ҷониби лашкаркаши юнонӣ Фемистокл бардошта шуд.
Дар Шарқ парчам нахуст дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун «дирафши Кова» ёдрас шудааст. Дирафши ковиёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кӯшониён ва Сосониён буд.
Парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумишуравӣ буд. Конститутсияи соли 1924 парчами сурхи дар кунҷи боло тасвири путку дос ва дар болои он ситораи панҷгӯша доштаро қонунӣ гардонд. Моҳи феврали соли 1947 Раёсати Шурои Олии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами иттиҳод шабеҳи худро қабул кунанд. Парчами Тоҷикистон 20-уми марти соли 1953 охирин бор таҳрир шуд.
Парчами давлатии Тоҷикистон бо он тарҳе, ки имрӯз дорад, дар моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-ум, дар иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд қабул гардида буд. Дар ин иҷлосия ҳамчунин сулҳу суботи кишвар ва ваҳдати миллӣ поягузорӣ шуд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 иловаҳоро ба Қонун дар бораи ҷашну идҳо тасдиқ кард ва 24 ноябрро ба унвони Рӯзи гиромидошти Парчами миллӣ эълон намуд.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид. Санаи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.
Ин парчам ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро дар вуҷуди мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои табиию руҳонии миллат аст. Зери парчам мардони садоқатманд, бебок ва ростқавлу баномус гирд меоянд, барои ҳамзистии осоишта, ҳамоиши неруҳои ақлонӣ, сафарбаркунӣ ба корзор ҷаддал менамояд.
Дар адабиёти пурғановати тоҷик парчам ба шакли вожаи «дирафш» вомехӯрад. Он бештар дар достонҳои ҳаммосӣ дучор меояд. Дирафши ковиёнӣ бо худ маънои ҳаммаслакӣ бобати ҳимояи меҳанро дошт, Фаридун дар достонҳои «Шоҳнома»-и Пири Тусӣ парчами нангу номусро барафрухта, алайҳи беадолативу нобасомониҳои замонаи худ ҷадал намуда, ҳамрайъони худро зери ин парчам муттаҳид намуда буд.
Дар кишварҳои дигари ҷаҳон низ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ, Парчам мояи ифтихор аст.
Мардуми Амрико тамоми чорабиниҳои расмии худро зери мусиқии мутантан ва барафрохтани парчами миллӣ оғоз менамояд. Дар Инглистон ливо намунаи олии эҳтиром ба миллат ва садоқат ба Ватан аст. Ҳатто ҳангоми юришҳои баҳрӣ ва истилои кишварҳои ғайр англисҳо дар бодбонҳои баҳрӣ парчами миллии худро меафрохтанд. Ва бад-ин васила дар замири онҳо эҳсоси хамбастагӣ қавӣ мегардид. Шоҳаншоҳи Эрон Анушервон парчамро рамзи адлу инсоф, накӯиву хирад ва порсоиву саодат медонист.
30 августи соли 2011 маросими кушода шудани баландтарин милаи Парчами миллӣ дар ҷаҳон бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Баландии бурҷи Парчами миллӣ ба 165 метр баробар буда, дар фарози он ливое, ки арзаш ба 30 метр ва тӯлаш ба 60 метр мерасад, бо се ранге, ки барои мардуми мо таърихан муқаддас аст, ҷило медиҳад.
Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлониву фарҳангии ҳамон кишвар аст. Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.
Аммо ба таври амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги сабз - саъю кушиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам - ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилии кишвар буда, ҳафт ситора - ин ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон ва ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2007 қабул шудааст, моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчамро муқаррар менамояд. Эҳтироми волои Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ вазифаи асосӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ ба ин рукни давлатдорӣ эҳтироми хоса мегузоранд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон аст. Парчами миллӣ ҳамеша рамзи ватандорӣ, рамзи ҳувияти миллат, рамзи садоқат ба Ватан, муҳаббат ба меҳани аҷдодӣ, рамзи пойдорист. Дар ин парчам шараф ва нангу номус ва ҷавонмардиҳои миллати покизасиришти мо ҷилвагар аст. Аз ин рӯ, ин парчами нангу номуси миллӣ бигзор ҳамвора дар фазои ороми кишвар парафшонӣ ва мардумро барои анҷоми корҳои хайру амалҳои нек, амсоли хайру сахо, сулҳу сафо, ободониву созандагӣ ва пешрафту нумуъ ҳидоят намояд!
Иди нусрату саодат, ҷашни ҳамбастагии нируҳои ақлонӣ, ҳамоиши афкори солими ҷомеа бобати пойдории рукнҳои муқтадири давлатдории миллӣ - Рӯзи Парчам муборак, ҳамкасбони гиромӣ!
Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
|