| Хабарҳо |
|
There are no translations available. ҒОЛИБИЯТ ДАР «ДАВИ ДӮСТӢ»
Бахшида ба 32-солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон рӯзи 30.11.2024 дар шаҳри Душанбе сеюмин «Дави дӯстӣ» дар ду масофа -7,8 км ва 3,3 км баргузор гардид.
Дави мазкур аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе байни мардон ва бонувон доир гардида, баъд аз тай намудани масофаҳо ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои
молӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар ин чорабинии варзишӣ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки омӯзгори ҷавони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии донишгоҳ Одинаев Меҳробҷон дар масофаи 7,8 километр сазовори ҷои дуюм гардид.
Ҳамчунин дар ин “Дави дӯстӣ” Баротова Маҳина донишҷӯи соли дуюми факултети физика дар масофаи 3,3 километр сазовори ҷойи дуюм шуд.
Воқеан варзиш тарғибгари тарзи ҳаёти солим ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат аст.
|
