Хабарҳо |
There are no translations available.
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА
![]() Омили асосии ҳастии ҳар халқ дар дарозои таърих қабл аз ҳама фарҳанги пурғановати он мебошад. Беҳуда фарҳангро ҳастии миллат нагуфтаанд. Зеро дар ниҳоди фарҳанги ҳар халқе хислату одат ва равони миллии онҳо ба таври вижа инъикос меёбад. Таҷаллию тарғиби он дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ боз ҳам сабаби бедории миллӣ ва дар заминаи он таҳкими пояҳои ҳастии маънавии халқҳо мешавад.
Дар ин росто тоҷикон аз қадимтарин халқҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар як гӯшаи қаламрави ватани таърихии худ – Осиёи Миёна, бо вуҷуди ҳамлаҳои пай дар пайи аҷнабӣ бо фарҳанги оламгири худ, аз худ ва ҳувияти худ ҳифозат намуда, то ба имрӯз расидаанд. Вобаста ба ин, муаррихону коршиносони зиёди сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ дар натиҷаи хулосаҳои илмии хеш ибрози назар намудаанд. Масалан, донишманди рус А. Гертнер дар асари худ «Русия. Ҷуғрофиёи фарҳангӣ ва сиёсӣ», ки соли 1909 дар Москва ба нашр расида буд, доир ба тоҷикон чунин менависад: «Тоҷикон дар Туркистон ягона намояндаи нажоди ориёӣ ва қадимтарин халқи бумии ин хита мебошанд. Тоҷикон
дар байни туркистониён аҳолии олирутбаеро ташкил медиҳанд ва равшанфикртарин халқҳои Туркистон маҳсуб мешаванд».
Осори илмию фарҳангии халқи тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ на танҳо барои худ, балки барои дигар қавму қабоиле, ки дар атрофу акноф ҳаёт ба сар мебурданд ҳамчун шамъ мавриди истифода қарор дошт. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки воқеан болои шонаҳои фарзандони номовари тоҷик ҳамвора масъулияти баланди офарандагӣ, созандагӣ, нурбахшӣ, ҳамзистӣ, ростгароӣ ... ва билохира муаллим будан, вуҷуд доштааст.
Ҷои ифтихор аст, ки гузаштагони мо дар рӯ ба рӯи шадидтарин ҳамлаҳои инсонкушу фарҳангситези таърихи инсоният истода, аз худ ва арзишҳои фарҳангии худ дифоъ намуданд. Таърих борҳо собит намудааст, ки дар натиҷаи як ва ё ду ҳамлаи бегонагон аз лиҳози фарҳангӣ халқҳои зиёде маҳв шудаю то имрӯз аз забон ва дигар унсурҳои фарҳангии халқҳои тороҷгар истифода мебаранд ва худро бо номи эшон муаррифӣ мекунанд.
Дар остонаи ҳазораи сеюми мелодӣ чунин падидаҳое, ки ба хотираи таърихии миллатҳои алоҳида зарба мезананд дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ бо шеваи хос пайдо шудаю тарғиби арзишҳои якрангро мекунанд. Мушоҳида мешавад, ки асосан дар зери шиорҳои назарфиребона, бо баҳонаи ҷаҳонишавӣ арзишҳои фарҳангии як халқ ва ё нажоде бо усулҳои гуногун паҳн мешаванд. Ин ҳолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ мавриди таҳлил қарор дода, чунин ибрози назар намудаанд: «Рӯҳияи бархӯрди тамаддунҳо нисбатан тақвият ёфта, дар раванди пурталотуми глобализатсия арзишҳо ва меъёрҳои умдаи ҷаҳонӣ ташаккул меёбанд ва дунёи муосир бори гарони сарватҳои таърихиву мероси куҳани миллиро кашида наметавонад. Арзишҳои куҳан қимати иҷтимоии худро бохта, батадриҷ аз миён мераванд ва ҷои онҳоро арзишҳову меъёрҳои нави ҷаҳонӣ мегирад».
Агар дар чунин раванд нисбати ҳифзу нигаҳдошти сарватҳои маънавӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир шавад яқин аст, ки хатари маҳвшавии миллат ва давлати миллӣ наздик мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали пас аз истиқлоли давлатӣ ба масъалаи мазкур ҳамаҷониба диққат дода мешуд. Бо дарки таҷрибаи таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли ҳазорон мушкилоти давлатдорӣ ба соҳаи фарҳанг ва эҳёи фарҳанги миллӣ бетаваҷҷуҳ набудаанд. Дар ин маврид, худи Роҳбари давлат дар асари худ «Уфуқҳои истиқлол» чунин навиштаанд: «Фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа нақши муҳим бозида, аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ба рушди ин самти муҳиму афзалиятнок диққати махсус дода, ба ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, рушди маънавиёт, эҳёи осори фарҳанги ниёгон, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими санъати миллӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманд эътибори ҷиддӣ медиҳем».
Ҳамагӣ шоҳиди он гардидем, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади таҳкими хотираи таърихии миллат ва тақвияти худшиносии миллӣ як қатор чорабиниҳои таърихию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин замина эҳёи ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз наҷибтарин иқдомҳои Сарвари кишвар дар ин бахш мебошад. Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳад, ки ҳар яке аз ҷашнҳои мазкур мақом ва моҳияти махсуси илмию фарҳангӣ доранд. Аммо аз нуқтаи назари собиқаи таърихӣ Ҷашни Сада куҳантарин ва муқаддамтарин ҷашнҳои ориёӣ ба шумор меравад.
Албатта, мо аз таърих доир ба сабабҳои пайдоиш ва анъанаҳои ин ҷашн дар тӯли таърих борҳо аз забони олимон шунидаему тариқи китобу мақолаҳои зиёд хондаем. Бояд иқрор шуд, ки чунин тадқиқотҳо маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ва бо туфайли ташаббусҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Тибқи манобеъи таърихӣ, шуруъ аз асри XIII дар натиҷаи ҳамлаҳои фарҳангкуши қавму қабилаҳои кӯчии саҳрогард ҷашни Сада бо ном оҳиста-оҳиста аз хотираҳои мардум фаромӯш мешуд. Кор то ба ҷое расид, ки дар давоми асрҳои XVII-XX дар қаламрави Осиёи Миёна ба ном мавқеи ин ҷашн хело маҳдуд шуд. Агарчӣ, баъзе аз анъанаҳои Сада дар фарҳанги мардумӣ, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон боқӣ монда буд, аммо бештари мардум онро бо номи аслаш намешинохтанд. Сабаби асосии он бе шакку шубҳа ин дар набудани давлати миллӣ ифода мешавад.
Истиқлолият ба халқи тоҷик ҳама арзишҳое, ки барои як миллати мутамаддин зарур аст, дод. Муқаддамтар аз ҳамаи ин тоҷикон соҳиби давлати миллии худ шуданд. Дар фазои давлати миллӣ, бо нияти таҳкими пояҳои он зарурияти тақвияти худогоҳии миллӣ пеш омад. Бе эҳё, муаррифӣ ва тарғибу ташвиқи суннатҳои аҷдодӣ расидан ба ин ҳадаф албатта мушкил буд. Акнун дар муҳити истиқлоли давлатӣ ва давлати миллӣ шароит ба вуҷуд омад то мо ормонҳои деринаи таърихии худро пиёда намоем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ду даҳсолаи аввали истиқлолият қариб касе набуд, ки доир ба ҷашни Сада ва моҳияти он ба таври ҷудогона, лоақал мақолае ба иншо расонад. Аммо дар суханронӣ ва нигоштаҳои Роҳбари давлат гоҳ-гоҳ дар қатори дигар оинҳои қадимаи ориёӣ аз Сада низ чун ҷашни қадимаи мо ёд мешуд. Бори нахуст соли 1998 зимни суханронии хеш Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯз аз Садаю Меҳргон низ ҳамчун идҳои миллии тоҷикон ёд карданд. Дар асари «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бошад, ки соли 2006 ба муносиати “Соли тамаддуни ориёӣ” ба нашр расида буд, Сада ҳамчун мероси аҳди нахустсулолаи ориёиҳо – Пешдодиён, зикр мешавад. Ҳамин тавр, Пешвои миллат дар солҳои минбаъда зимни табрикоти хеш ба муносибати ҷашни Наврӯз аз Сада ва арзиши баланди фарҳангию илмии он низ ишораҳо менамуданд. Дар зери таъсири таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат аз соли 2011 аз лиҳози ҳуқуқӣ ҷашни Сада дар феҳристи рӯзҳои иди мамлакат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардид.
Аммо то соли 2018 нисбати таҷлили ид чандон корҳои назаррас ба анҷом намерасид. Сабабаш боз ҳам дар ҳамон ноошноии ҷомеа ва масъулин буд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат оид ба бузургии мақому манзалати Сада дар Паёми навбатии худ, санаи 22 декабри соли 2017 ибрози назар намуданд. Баъдан, корҳои ташкилӣ ва аз тарафи олимон корҳои омӯзишӣ равнақ пайдо намуд. Он ҷо қайд намуданд, ки суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Дар идома таъкид ҳам намуданд, ки бояд дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд.
Ҳамаи ин таъкиду ишораҳои Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои зикршуда ба хотири зинда намудани ин ҷашни аҷдодӣ дар ватани аслаш ва дар сиришту равони соҳибонаш буд. Пас аз ин, доир ба таҷлили ҷашни Сада Пешвои миллат боз ҳам қадамҳои навбатӣ гузошта, соли 2018 бори нахуст ба таври алоҳида ба муносибати Ҷашни Сада Паёми табрикии хешро манзури тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон намуданд. Паёми Роҳбари давлат тариқи тамоми воситаҳои ахбори омма паҳн гардид. Қайд намудан зарур аст, ки пас аз ҳамин паёми табрикӣ, дигар дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ таҷлили ҷашни Сада ба ҳукми анъана даромад.
Доир ба рисолати фарҳангии ориёиҳо ва ҳифзи мероси таърихӣ аз ҷониби гузаштагони мо Президенти ҷумҳурӣ дар нахустпаёми табрикии хеш бахшида ба Ҷашни Сада чунин гуфта буданд: «... ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намуданд». Дар идома Сарвари давлат атрофи пайванди ногусастании ин ҷашн ба табиат ва қонунҳои он ҳарф зада, мардумро ба меҳнатдӯстӣ, таъмини зиндагии шоиста, рафоқату муҳаббат, даъват намуданд. Нуктаи муҳиме, ки он ҷо зикр шуд ин таҷассуми пайванди инсон бо табиат дар оинҳои ҷашни Сада мебошад. Ҳамаи инро хулоса карда қайд намуданд, ки «Ҷашни мазкур, (А. И.) ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад».
Воқеан тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ниёгони мо пас аз ҷашнгирии Сада ба корҳои кишоварзии баҳорӣ омодагӣ мегирифтанд. Як одати аҷиб ҳам буд, ки деҳқонон хокистари гулхани Садаро ба халтаҳо гирифта, ба заминҳои кишт мепошиданд. Сари замин бо нияти фаровонҳосилӣ дуоҳо мехонданд. Боғдорон дар водиҳо ба шохчабурии дарахтон сар мекарданд...
Ба навиштаи академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ дар гузашта шоҳони эронӣ бо деҳқонон маҷлис мекарданд ва дар як суфра бо эшон ғизо мехӯрду мегуфтанд: Ман имрӯз монанди яке аз шумо ҳастам ва бо шумо бародар ҳастам, зеро низоми дунё ба корҳоест, ки ба шумо мешавад ва тартиботи иморати он ҳам ба подшоҳ аст ва на подшоҳро аз раият гурез аст ва на раиятро аз подшоҳ...
Бо такя ба суннатҳои аҷдодӣ Пешвои миллат низ дар нахуст табрикоти хеш кишоварзонро ба корҳои омодагӣ барои кишти навбатӣ, нигоҳубин намудани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав бо истифода аз боду ҳавои мамлакат, ҳидоят намуданд.
Мутаассифона, дар замони мо зиёд афроди худноогоҳе ҳастанд, ки чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ дар хориҷ андешаҳои пуч ва дур аз ҳақиқати илмиро тариқи расонаҳои ғайрирасмӣ ва ё дар суҳбатҳои алоҳида доир ба таҷлили ҷашнҳои бостонии мо, аз ҷумла Сада паҳн мекунанд. Ин тоифаи худбехабар ҳамеша, бо истифода аз боварҳои динии ҷомеа гиромидошти фарҳанги тоисломии моро гуноҳу макруҳ дониста, бахусус ҷавононро мехоҳанд аз роҳи шинохти худ, дур баранд. Боназардошти ин Сарвари кишвар дар ҳама баромадҳои хеш доир ба ҷашнҳои таърихӣ, бахусус Иди Сада аз нуқтаи назари ҳақиқати таърихӣ муносибат намуда, пайваста қайд мекунанд, ки ин ҷашнҳо ба ҳеҷ дину мазҳабе иртибот надошта, балки пеш аз ҳама ба табиат ва корҳои кишоварзӣ алоқамандӣ доранд. Дар Паёми табрикии хеш соли 2019 ба ҳамин масъала бори дигар таваҷҷуҳ намуда, чунин гуфтанд: «Аслан ҷашни Сада ҷанбаи табиӣ дошта, мобайни зимистон – вақте сардии ҳаво паст шуда, имкони бо замин сару кор гирифтан муҳайё мешавад, фаро мерасад. Мардуми кишоварз ҳангоми ба ҷо овардани суннатҳои ин ҷашн бо шодиву хушҳолӣ омадани баҳорро интизор мешаванд ва орзу менамоянд, ки аз баракати ҷашни Сада баҳори пурфайз насибашон гардад».
Бо ҳамин хотир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ҳамасола ба таври алоҳида аҳолии мамлакатро ба муносибати ҷашни Сада табрик менамояд. Ин анъана албатта, дар таърихи хело дури мо аз ҷониби шоҳони ориёӣ амалӣ мегардид. Аз ин сабаб, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ягона меросбари тамаддуни ориёиҳо дар қаламрави таърихии Ориёни бузург ба шумор меравад, ки рисолати фарзандии хешро дар назди таърих амалӣ мекунад.
Тавре дар боло ишора намудем, бо ибтикори Роҳбари давлат дар ҳама гӯшаю канори ҷумҳурӣ шуруъ аз соли 2018 Сада ҳамчун ҷашни ниёгон таҷлил мешавад. Ҳамасола дар арафаи ин ҷашни бостонӣ рисола ва мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ аз ҷониби олимони ҷумҳурӣ ба нашр мерасанд. Гузашта аз ин, дар муассисаҳои илмию таълимӣ конфронсу семинарҳои илмӣ, илмию адабӣ ва фарҳангӣ баргузор мегарданд. Ҳамаи ин ба назари мо дар густариши фарҳанги миллӣ ва қавӣ бахшидани пояҳои худогоҳии миллат нақши муассир гузошта метавонад.
Боиси ифтихор аст, ки санаи 6 декабри соли 2023 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон “Ҷашни Сада” аз тарафи ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин боз як қадами неки дигари мерсобарони ин фарҳанги зебо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Эҳё ва дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ шудани ҷашнҳои қадимаи мо, аз ҷумла Сада нишони хиради воло ва таърихи куҳан доштани халқи моро таҷассум менамояд. Бо чунин ибтикорот мо ба наслҳои имрӯзу ояндаи хеш, ба мардуми минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳем, ки ниёгони тоҷикон ҳанӯз дар саргаҳи таърихи башарӣ дорои маҷмӯаҳои донишҳои табиию инсонӣ буда, аз азал адолату саодатмандии инсониятро тараннум менамуданд. Ормонҳои беш аз 6 ва 7 ҳазорсолаи мо бо вуҷуди собиқаи дури таърихӣ доштан, имрӯз низ бархурди дарди ҷомеаҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Дар ҷаҳони бисёр пуртаззоди мо, ки доираҳои алоҳида бо пуштибонӣ аз қудратҳои ҷаҳонӣ талоши пиёда намудани аҳдофи ғаразноки худро доранд, хатар ба фарҳангу таърихи халқҳои ҷудогона пеш омадааст. Дар ин рӯзгорон зарае ғофил мондан сабабгори расидани осебҳои зиёд ба пайкараи таъриху фарҳанги миллат мегардад.
Ҳанӯз аз аввали солҳои 90-уми асри ХХ эҳсос мешуд, ки аз ҷониби давлатҳои алоҳида нисбати мероси пурғановати халқи тоҷик чашм ало мешавад. Кӯшишҳое барои таҳрифи таърих ва барои худ сохтани таърихи «боэътимод» ҳанӯз ҳам идома дорад. Қувваҳои манфиатхоҳ бо ин роҳ мехоҳанд аз таърих барои хеш як навъ аслиҳа сохта тариқи он даъвоҳои калони замину замонро намоянд. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Президенти ҷумҳурӣ баҳри шинохти арзишҳои таърихию фарҳангӣ пеш аз ҳама ба ҳамин хотир буд, ки миллат сарватҳои таърихию адабии худро бишносад ва соҳибӣ кунад. Ҳақ бар ҷониби сиёсатмадори фаронсавӣ Шарл де Голл мебошад, ки гуфтааст: «Миллатҳо бо таърихи худ зиндаанд». Дар идома мешавад, гуфт, ки фанои таърих фанои миллат аст. Дар ин росто, эҳё ва ҷаҳонӣ намудани ҷашни Сада низ аз як тараф ба ҳамин хотир аст.
Гузашта аз ин, мо бояд аз сарнавишт ва роҳҳои пуршебу фарози таърихи худ ибрат бигирем аз он худро бисозем ва барои ояндагон меросе гузошта тавонем, ки то эшон аз замони мо низ ифтихор карда тавонанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст мефармоянд, ки «Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шӯъла бардорем». Сада бо ҳама оинҳояш тарғибгари саодати инсонист ва шуълаҳои дурахшони фардои мост.
Ибодуллозода А.И. – ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
|