Хабарҳо |
There are no translations available.
ДАВРИ НИҲОИИ ДАЪВАТИ 24-УМИН ОЗМУНИ ҶАҲОНИИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
![]() Дар чорабинӣ Мушовири масъалаҳои давлатии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Гуочун, ҷонишини раиси ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳимҷон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гулназарзода Жило, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷурахонзода Сироҷиддин Сайфулло, директори Донишкадаи Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонзода Рухшона зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз ҳамсоядавлатҳои дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо омӯзиши забони чинӣ метавон бештари мардуми тоҷикро бо таърих ва фарҳанги мардуми ин давлати ба мо дӯсту ҳамсоя ошно намуд. Имрӯзҳо дар бисёре аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон синфхонаҳои забони чинӣ кушода шудааст, ки аксарияти ин толибилмон дар Донишкадаи Конфутсия низ ба омӯзиши забони чинӣ машғул мебошанд.
Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” як чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 дар Идораи марказии Конфутсий баргузор мешавад.
Аз соли 2017 ин озмун диққати миллионҳо ҷавононро дар беш аз 110 кишвари дунё ҷалб карда, барои донишҷӯён ва толибилмон як заминаи муҳими омӯзиши забони чинӣ гаштааст ва бренди машҳур дар соҳаи ҳамкориҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамчун “Озмуни забон”, ки пули умумиҷаҳонии фарҳанг, дӯстӣ ва маърифат мебошад, маъмул гаштааст.
Таъкид гардид, ки озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмон яке аз барномаҳои муҳими пайвандкунандаи муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шумор меравад.
Имрӯз донандагони фаъоли забони чинӣ аз донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гирди ҳам ҷамъ омада, бо хираду истеъдод ва самимияти худ нисбати забони чинӣ, саҳнаи имрӯзаро дурахшон намуданд.
Пас аз рақобат дар даври интихобӣ дар нуқтаҳои гуногуни таълимӣ ва баргузории даври нимниҳоӣ, дар ниҳоят 8 нафар довталабони барҷаста аз миёни шумораи зиёди иштирокчиён интихоб гардида, ба саҳнаи даври ниҳоии даъвати 24-уми озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтанд.
Даври ниҳоии даъвати 24-уми озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни донишҷӯён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият ба анҷом расида, мо имрӯз бори дигар шоҳиди ғунчаҳои шукуфони забони чинӣ гардидем. Аз миёни 8 нафар довталабоне, ки миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, маҳорату истеъдоди хешро нишон доданд, 4 нафар ғолиби ин озмуни ҷаҳонӣ гардид.
Ҷойи аввал Муродова Лайло, ҷойи дуюм Наҷмиддинова Анора ва ҷойи сеюм ба Муҳаммадсолеҳи Синозод ва Назар Рустамӣ сазовор дониста шуданд.
|