• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Таҷрибаомӯзӣ оғоз шуд

1-уми феврали соли равон чун анъана дар факултаи педагогика конфронс оид ба оғози таҷрибаомӯзии донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он мазмун, вазифа ва давраи таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро баррасӣ намуданд.

Сараввал декани факултаи педагогика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдушукур Ғаффоров донишҷӯёнро ба оғози фаъолияти омӯзгорӣ табрик намуда, масъулият ва вазифаҳои онҳоро хотиррасон намуд. А.Ғаффоров бо мушовирони гурӯҳҳо суҳбат намуда ба онҳо супоришҳои мушаххас дод. Толибилмони ихтисоси сурдопедагогика ба мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ роҳхат гирифтанд, то дар он ҷо ҳам таҷриба омӯзанд ва ҳам ба шахсони имконияташон маҳдуд ёрӣ расонанд. Донишҷӯёни ихтисоси таҳсилоти томактабӣ ва логопедия ба муассисаҳои томактабӣ тақсим шуданд. Таъкид гардид, ки онҳо ба ғайр аз таълиму тарбияи кӯдакон, бояд нутқронии онҳо диққат диҳанд, то камбудиҳои онҳоро бартараф намоянд. Тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо аз саҳар то шом аз меҳрубонии волидайн дуранд, бинобар ин онҳо ниёз ба меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва дӯстдориву навозиш доранд. Мураббиён муваззафанд, ки бо ташкили бозиҳои дилхушкунанда табъи хурдсолонро шод гардонанд.

 

Муҳассилини ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва забон ва адабиёт дар синфҳои ибтидоӣ ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №34 ва гимназияи №34-и шаҳри Душанбе роҳхат гирифтанд.

Дар анҷоми конфронс дастур дода шуд, ки таҷрибаомӯзон сари вақт ҳуҷҷатҳояшонро омода намоянд.

Саидаброр Ҳасанов, донишҷӯи соли 2-юми факултаи педагогика

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj