• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ИШТИРОК ВА ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БЕҲТАРИН ДАР СОҲАИ МАОРИФ»
Омӯзгори факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Хидиров Ғолибҷон дар озмуни байналмилалии тадқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва педагогӣ таҳти унвони «Беҳтарин дар соҳаи маориф» иштирок намуда, бо дастовардҳои назарраси илмӣ-педагогии худ сазовори Дипломи дараҷаи I гардид.
Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии тадқиқотии «Endless Light in Science» баргузор шуда, дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии як қатор кишварҳо иштирок намуданд. Натиҷаҳои озмун дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷамъбаст ва эълон гардиданд.
Зимни ҷамъбасти озмун, Хидиров Ғолибҷон ҳамчунин бо нишони фахрӣ ва медали озмун қадрдонӣ шуда, саҳми ӯ дар рушди илм ва маориф баҳои баланд гирифт.
Ин дастовард далели сатҳи баланди касбият, фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандаи омӯзгор дар пешрафти соҳаи маориф буда, боиси ифтихори ҷомеаи илмӣ-педагогӣ мебошад.
Раёсати муассиса ин муваффақиятро табрик гуфта, ба эшон дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва омӯзгорӣ комёбиҳои боз ҳам бештар таманно менамояд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj