| Хабарҳо |
|
ХОНИШИ СИЁСӢ: «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛӢ ГАРДИДАНИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН»
Рӯзи 6 феврали соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хониши сиёсӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар амалӣ гардидани сиёсати давлатии ҷавонон» баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур муовини декан оид ба корҳои илмии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ Зубайдуллозода Саидҷон баромад намуданд.
Зимни суханронӣ мавсуф ба нақши калидии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул, рушд ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки сиёсати ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр гардид, ки бо ташаббус ва дастгирии доимии Пешвои миллат барои ҷавонон шароити мусоид дар самти таҳсил, илмомӯзӣ, рушди қобилиятҳо, дастгирии иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ фароҳам оварда шудааст. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва таъсиси ниҳодҳои махсуси кор бо ҷавонон далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба насли ҷавон мебошад.
Дар идомаи хониши сиёсӣ таъкид шуд, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа бояд аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода намуда, дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар саҳми фаъол гузоранд.
Чорабинӣ дар фазои муколамаи илмӣ ва сиёсӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва худшиносии миллии ҳар як иштирокчӣ аҳамияти муҳим дошт.
|
