• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ТАҚДИМИ КИТОБИ “ШОҲНОМА” БА ДОНИШҶӮЁНУ БОШАНДАГОНИ ХОБГОҲИ №2
Имрӯз туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба донишҷӯёну бошандагони хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тақдим гардид.
Ин иқдоми арзанда гувоҳи таваҷҷуҳи махсуси роҳбари давлат ба тарбияи маънавию фарҳангии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавонон мебошад.
Зеро “Шоҳнома” на танҳо мероси бузурги адабиёти форсӣ ва ҷаҳонӣ, балки сарчашмаи бесобиқаи илмӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Зимни тақдими ин шоҳасар, ки аз ҷониби корманди қисми тарбияи Донишгоҳ сурат гирифт, донишҷӯён бо эҳсоси ифтихор ва хушнудӣ аз ин туҳфаи фарҳангӣ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки мутолиаи ин асари нодир барои баланд бардоштани маърифати миллӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон нақши муҳим хоҳад дошт.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj