• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРИИ СУДМАНД: ТАРБИЯ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ДОНИШҶӮЁН
Дар толори барҳавои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нимаи дуюми рӯзи 7-уми апрели соли 2026 дар асоси нақша-чорабиниҳои қисми тарбияи Донишгоҳ доир ба баргузории вохӯриҳо бо донишҷӯёни факултетҳо дар мавзуи “Масъулияти ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, таълимотҳои ғайрирасмии динӣ, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ ва пешгирии маводҳои мухаддир ва психотропии метанфитамин миёни ҷавонон” дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Давлатшо Каримзода сардори шуъбаи тарбия, Маҳмудов Давлатшо мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеа, Саидзода Низомиддин декани факултети психология, Муродов Муҳаммад мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Ғаффорзода Ҷонона декани факултети иқтисод ва идора, Зикирзода Ҳобил декани факултети филологияи тоҷик, Муродзода Илҳом декани факултети технология, кормандони қисми тарбия, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ ташкил ва баргузор гардид.
Мақсади вохӯрӣ ин тарбияи ҷавонон ва донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии маводҳои мухаддир ва психотропии метанфитамин, ифтихор аз давлатдории миллӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳамбастагӣ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтироми волоияти қонун, пуштибонӣ аз сиёсати созандаю бунёдкорона ва башардӯстонаю ваҳдатсолори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии донишҷӯён доир ба равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир мебошад. Ҳамчунин, диққати махсус ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, таъсири таълимоти ғайрирасмии динӣ, инчунин мубориза бар зидди хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ равона гардид. Иштирокдорон зарурати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавононро таъкид намуданд.
Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, иштирокдорон оид ба татбиқи самараноки вазифаҳои тарбиявӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Дар асоси ин нақша вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар факултетҳо фориғ аз раванди таълим ташкил ва баргузор мегардад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj